Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ карда шуд

Июнь 17, 2022 08:27

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар кишвар Рика Ишии баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ карда шуд.

Дар вохурӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуманро, ки барои иштирок дар  Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, зикр карданд, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонк ҳамкорӣ  дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.

То имрӯз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 150 лоиҳаро дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион доллари америкоӣ маблағгузорӣ кардааст, ки амалисозии ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар нақши назаррас дорад.

Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалби бештари маблағҳо барои рушди бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва инкишофи бозори молиявии мамлакат, зарур дониста шуд.

Дар ҷараёни  мулоқот татбиқи чорабиниҳо оид ба бартарафсозии таъсири оқибатҳои манфии пандемия ба иқтисодиёти кишвар, ҷалби маблағҳо ва сармоя баҳри амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Дар вохурӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 17, 2022 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд