Дар Ҳисор маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо бо иштироки адибони маъруфи кишвар, фаъолону аҳли адаби шаҳр ва ихлосмандони каломи бадеъ баргузор гардид.
Дар маҳфил Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, тазаккур дод, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши адабиётро чун бузургтарин мактаби тарбия барои рушди инсоният дар даврони соҳибистиқлолии кишвар муҳим арзёбӣ менамоянд ва ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, барои нашри китобҳои шоирону нависандагон мусоидат карда, онҳоро эҳтирому қадршиносӣ менамоянд.
«Намунаи олитарини онро метавон дар шарафёб гардидани Кароматуллоҳи Мирзо бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, ордени «Шараф», Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, нишони «30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» арзёбӣ намуд», — гуфт ӯ.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки бузургмардони майдони суханварӣ барои рушду такомули шахсӣ ва ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум пайваста тариқи адабиёт иқдом менамоянд ва бо ба даст омадани истиқлолият низ адабиёт ҳамчун афзояндаи маърифати наслҳо рисолати худро назди давлату миллат содиқона адо мекунад.
Кароматуллоҳи Мирзо аз чеҳраҳои маъруфи адабии кишвар маҳсуб меёбад, ки намунаҳои эҷодаш вақоеаҳои ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии ҷомеаро фарогир буда, ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардону чоп шудааст.
Дар синамо аз рӯи чандин асарҳои мондагори нависанда филмҳои ҳунарии ҷаззоб, ки зиндагиро холисонаю воқеъбинона инъикос намудааст, рӯи навор омадааст ва онҳо ҳамчун тарғибгари ахлоқи хамида, таҳкимбахши ҳисси худшиносиву фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстию инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои накӯи инсонӣ дар байни мардум, бахусус насли наврас писанд ва эътироф шудаанд.
Дар маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ҷамолиддин Мансуров, нависанда ва драматург Ато Ҳамдам, адибону рӯзноманигорон аз шаҳри Ҳисор Муҳаммадалӣ Саидӣ, Фатҳуллоҳи Азиз ва дигарон иштирок карданд.



Абдулҳамид Самадов аз хизматҳои шоистаи нависанда ёдоварӣ намуда, хотироти неки худро аз гузаштаи пурифтихор бо адиб варақгардон намуданд.
Кароматуллоҳи Мирзо бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол иштирокчиёни чорабиниро бо 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, барои пазироӣ ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуд.
Ҳофизони халқии Тоҷикистон Шамсидин Муҳиддин, Комилҷони Ғанӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо шеъру таронаҳои ҷолиб ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: МИҲД шаҳри Ҳисор








Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд
Зафаршо Иброҳимзода: «Осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд»
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд






