Доир ба мавқеи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Китобхонаи миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмиву маърифатӣ зери унвони «Мавқеи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Конференсияи мазкур ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шуда, дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, созмону ташкилот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсия бо суханронии мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода оғоз гардида, зери роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам идома ёфт.
-Вожаи ваҳдат барои мардуми Тоҷикистон басо муқаддасу дар айни замон ғояи муҳим дар самти тақвият бахшидани пояи давлатдорӣ ва роҳ пеш гирифтан сўи як ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ ва пешрафта мебошад,- гуфт Нурулло Оқилзода.
Номбурда афзуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониву баромадҳои хеш ин дастоварди воқеан ҳам муҳими даврони соҳибистиқлолиро меситояд ва ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистони мустақилро ба ин вожа тавҳам медонанд. Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро ба ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки асоси зиндагии орому осоишта ва шоиста мебошад, даъват менамоянд. Нигаҳдории сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост».
Дар њамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҳизби Халкии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки воқеан ҳам ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омўзиш қарор гирифт. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Рудобаи Мукаррам тазаккур дод, ки «Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мақоми меҳварӣ пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар таркиби тафаккури миллӣ барои рушди мамлакат роҳи васеътар боз намуда, пояҳои иқтисоди миллӣ ва рушди кишварро ҳамаҷониба тақвият бахшид. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрўз Тоҷикистон чун кишвари пешрафта ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардидаву дар сархатти давлатҳои амнтарини ҷаҳон қарор дорад.
Дар ниҳояти чорабинӣ барои беш аз 40 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, хидматгузорони халқу Ватан ва собиқадорони Шўрои кўҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сипосномаву ифтихорнома, китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






