Доминикан сафири худро дар Тоҷикистон таъйин намуд

Июнь 10, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Москва) Франк Ҳанс Данненберг Кастеляносро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Доминикан ва истифодаи иқтидори ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи судманд,  бахусус иқтисодӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Музаффар Ҳусейнзода Данненберг Кастеляносро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, дар рисолати дипломатияш комёбиҳо таманно намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 10, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд