Донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон операи «Рӯдакӣ»-ро намоиш доданд

Июнь 2, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии  академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 31 май  аз ҷониби студияи операвии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов операи «Рӯдакӣ» намоиш дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоишнома аз 2 парда ва 5 намоиш иборат буда, муаллифони либретто С. Улуғзода ва С. Севертсев мебошанд, ки донишҷӯёни Консерватория  онро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуданд.

Басаҳнагузорандаи намоиш Манучеҳр Раҳмонов, дирижёр Алишер Солиҳов, омӯзгори синфи операвӣ Шарифбек Баротов ва консертмейстр Лола Раҷабова мебошанд.

Донишҷӯёни Консерватория бо як маҳорати баланди эҷодӣ баромад намуда, хотири иштирокчиёну ҳаводорони мусиқии операвиро шод гардониданд.

Акс: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июнь 2, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд