Доварони тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро ҳакамӣ карданд

Июнь 18, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Доварони Тоҷикистон бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни тимҳои миллиро ҳакамӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе ба ҳайси довари марказӣ дар бозии гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои Малайзия – Баҳрайн (1:2) ва ҳамчунин дар бозии мунтахабҳои  Туркманистон – Малайзия (1:3) ба ҳайси довари чорум фаъолият кард.

Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) дар бозии интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» байни яккачинҳои Кувайт – Индонезия (1:2) доварӣ марказӣ буда, дар рақобати тимҳои Непал – Кувайт (1:4) довари эҳтиётӣ таъйин шуда буд.

Акс: ФФТ

Июнь 18, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд