Ду шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба пахши моҳворавӣ пайваст мешаванд

Июнь 28, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду шабакаи телевизиони навтаъсиси давлатӣ «Илм ва Табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст мешаванд. Дар ин бора 27 июн зимни мулоқот Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо Директори иҷроияи ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур ба мувофиқа расиданд.

Тавре дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Кумита ва ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кумитаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор дошт.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии  телевизиони Тоҷикистон — «Илм ва табиат» 14 апрели соли 2021 ва телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 1 апрели соли 2022 ба  фаъолият шуруъ карданд.

АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ

Июнь 28, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст