ИМА АЗ ТАМОМШАВИИ ЗАХИРАИ СУРМА НИГАРОН АСТ. Тоҷикистон ният дорад дар бозори ҷаҳонии ин металлоид мавқеи пешсафро ишғол намояд

Июнь 13, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пентагон нигарон аст, ки захираи сурма дар ИМА то соли 2025 мерасад. Илова бар ин, тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), интизор меравад, ки захираҳои мавҷудаи сурмаи ҷаҳонӣ дар давоми 13 соли оянда ба итмом расанд, менависад рӯзномаи сиёсӣ ва тиҷоратии амрикоӣ «Defense News».

Тирамоҳ хадамоти Пентагон бояд барои панҷ соли оянда дар бораи интиқоли сурма ба ИМА пешгӯиҳояшонро манзур намуда, роҳҳои алтернативиро пайдо кунанд.

Тавре нашрия  зикр менамояд, Пекин ва Москва ба ҳам наздик мешаванд ва Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати содироти сурма дар ҷойи сеюм қарор мегирад.  Дар ИМА кони охирини истихроҷи ин нимметалл чанд сол пеш коркард шуда буд.

Агентии иттилоотии русии «Спутник» хабар медиҳад, ки қарор аст, пас аз ба кор андохтани маҷмааи истеҳсолии «ТАЛКО ГОЛД» дар вилояти Суғд тавлиди сурма дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёбад».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истихроҷ ва коркарди Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «ТАЛКО  ГОЛД» ба истифода дода шуд, ки дар он корҳо  дар асоси лоиҳа ва нақшаи бо усули флотатсионӣ  ғанигардонии маъдан ба роҳ монда шудаанд. Иқтидори ин иншоот дар як шабонаруз 5000 тонна ва дар як сол  1,5 миллион тонна мебошад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истихроҷи тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Истихроҷ ва коркарди маъдан дар конҳои зеризаминӣ ва бо истифода аз таҷҳизот ва технологияҳои муосири ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешаванд.

Бо ба кор даромадани тамоми иқтидорҳо ин корхона ба бузургтарин маҷмааи коркарди сурма дар Осиёи Марказӣ табдил ёфта, Тоҷикистон аз ҷиҳати тавлиди сурма пас аз Русия ва Чин дар сегонаи аввал устуворона ҷой мегирад.

Дар асоси гузориши Хадамоти геологии ИМА, Тоҷикистон аллакай чанд сол боз дар тавлиди сурма дар ҷои сеюм қарор дошта, дар як сол ҳудуди 15 ҳазор тонна нимметалл истеҳсол  мекунад. Русия дар ҷои дуюм (30 ҳазор тонна) ва Чин бо фарқияти зиёд (100 ҳазор тонна) дар садри рӯйхат қарор доранд. Солҳои охир тавлиди сурма дар Русия дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки он дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Бино ба маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ, ду-се сол пеш Тоҷикистон аз рӯи тавлиди сурма дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия ва Боливия дар ҷои чаҳорум қарор дошт. Тоҷикистон ҳамчунин аз рӯи захираҳои собитшудаи сурма дар Осиё дар ҷои сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва дар байни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст. Камарбанди симоб-сурмавии Зарафшону  Ҳисори Тоҷикистон  иқтидори калони металлогении ин металлоидро дорост, ки дар панҷ ноҳияи  маъдании  кишвар  ҷамъ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки сурма яке аз унсурҳои кимиёвии  системаи Д.И. Менделеев буда, нимметали хокистарии дурахшон мебошад, ки дар табиат ҳамчун стибнити минералии сулфидӣ мавҷуд аст. Рақами атомии сурма 51 буда, рамзи химиявии он Sb мебошад, ки аз истилоҳи лотинии сурма бармеояд. Пайвастҳои сурма, ки маъмулан бо номи арабии «кол» маъруфанд, аз замонҳои қадим ҳамчун  маводи ороши (косметикӣ)  ва доруворӣ истифода мешуданд.

Сурма дар ҷои 1158-ум дар байни   молҳои аз ҳама савдошаванда дар ҷаҳон мебошад. Онро дар ғилофҳои кабелӣ, металлҳои соиши паст дошта, батареяҳо, инчунин дар истеҳсоли ранг, лак, шиша, қубур, сафол, масолеҳи сирдор ва ба оташ тобовар ва як қатор лавозимоти ҷангӣ, инчунин дар кулолгарӣ ва дорусозӣ истифода мебаранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 13, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»