Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор беш аз 19 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол намуданд

Июнь 19, 2022 09:08

ҲИСОР, 19.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки соли равон истеҳсоли пилларо ба 23 тоннаю 500 кг расонанд. Онҳо то имрӯз бо риоя намудани қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак зиёда аз 19 тоннаю 500 кг пиллаи хушсифат истеҳсол намудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

То имрӯз ҶДММ «Латиф Муродов», КТ «Баракати Ватан», ҶДММ «Абдурауф Юсупов»-и шаҳри Ҳисор бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пилларо иҷро намуданд.

Тавре намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Ҳисор Азимҷон Мирзоазизов иттилоъ дод, дар шаҳр дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» 560 қуттии кирми кирмак ба 14 хоҷагиҳои кирмакпарварӣ ва 480 пиллапарвар дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дода шуд.

Хушбахтона парваришу нигоҳубини кирм хуб ба роҳ монда шуда, пиллапарварон ҳосили нағз ба даст оварда истодаанд. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Ҳисор аз кирмакпарварон як кг пиллаи тари нав истеҳсолшударо ба маблағи 15 сомонӣ харидорӣ намуда истодааст ва барои ҳавасмандгардонӣ ба фаъолон туҳфаҳо низ тақдим менамояд.

АКС: МИҲД ш. Ҳисор

Июнь 19, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад