Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии кӯдакони Русия озмуни байналмилалии адабии муштарак баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии кӯдакони Русия таҳти унвони «Тоҷикистон-Русия дар оинаи Китобхона» озмуни байналмилалии адабӣ эълон мекунанд. Озмун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои наврасони 14-16 – сола баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Муҳлати пешниҳоди корҳо ба озмун аз 1 июн то 1 августи соли 2022 ҷараён гирифта, он дар ду марҳила — дар сатҳи миллӣ (бо ҷалби ҳайати доварони коршиноси ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда) ва дар сатҳи байналмилалӣ (бо ҷалби ҳайати доварони коршиноси байналмилалӣ) баргузор мегардад.
Ҳамзамон озмун дар ду номинатсия: «Беҳтарин асари шигифтангези-фантастикӣ» ва «Беҳтарин асари реалистӣ» доир мешавад.
Барои ҳар гурӯҳи синнӣ 1 нафар ғолиб ва 2 нафар финалист, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд, ё бо ҳам тақсим карданд, муқаррар шудааст. Корҳои пешниҳодшуда мавриди тақриз қарор намегиранд ва баргардонда намешаванд. Масъулияти эътимод ба муаллифи кор бар уҳдаи шахсест, ки онро ба озмун фиристодааст.
Мавриди зикр аст, ки шарикони озмун (Кумитаҳои ташкилӣ): Созмони ғайридавлатии «Пояс-Путь», Маркази омӯзиши Афғонистони муосир буда, созмондиҳандагони озмун: Агентии федералӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ; Ассотсиатсияи арбобони фарҳанг, ҳунар ва маориф оид ба ҷалби кўдакон ба китобхонӣ-«Хонанда тарбият мекунем»; Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии кўдакони Русия мебошанд.
Озмуни «Тоҷикистон-Русия дар оинаи Китобхона» ба таблиғоти арзишҳои фарҳангии миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди муколамаи байнифарҳангӣ, дарёфт ва дастгирии наврасони боистеъдод, барангехтани ҳисси худогоҳӣ ва фаъолият дар онҳо ва фароҳам сохтани имконот барои ҳамкории эҷодӣ нигаронида шудааст. Рушди маҳорати эҷодкории бадеӣ дар насли наврас омили ҷудоинопазир ва таъсирбахши тарбияи шахсият дар муҳити фарҳангӣ буда, ба шаклгирӣ, камолот ва такомули фард таъсири мусбӣ дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






