Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон масъалаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтаронро баррасӣ менамояд

Июнь 21, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 21.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 23 июни соли 2022 Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, ки яке аз масъалаҳои дар он баррасишаванда ин иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар иҷлосияи мазкур ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷараёни  иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 апрели соли 2021  «Дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID — 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят», инчунин ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ шунида мешаванд.

Дар иҷлосия ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии вакилон қарор мегиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 21, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид