Мария Захарова бо куртаи миллии тоҷикӣ чакан дар мазҳари ом намудор шуд

Июнь 22, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли 2022 намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр кард, ки дар онҳо ў дар чорабинии оммавӣ бо либоси миллии тоҷикӣ чакан ба навор гирифта шудааст, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар яке аз аксҳо Мария Захарова бо куртаи чакан дар пасманзари гунбазҳои калисои православӣ  истода, дар акси дигар ҳамроҳи духтараш ҳангоми банаворгирии филми нав аз рӯи афсонаи машҳур «Кулоҳсурхак ва гурги малла» («Красная шапочка и серый волк») мунъакис гаштааст.

«Имрӯз филми навро дар бораи Кулоҳсурхак ва гурги малла, ки 22 сентябр ба экран мебарояд, дидем, ки чи тавр таҳия мешавад. Гурги малла дар филм сафед аст», — навиштааст Захарова зери ин акс дар Telegram-канали худ.

Тибқи иттилоъ, дар ифтитоҳи Ҳафтаи муд дар Москва, ки аз ҷониби тарроҳи шинохтаи рус Вячеслав Зайтсев ташкил шуда буд, Захарова дар он низ бо куртаи чакан ҳозир шудааст.

Корбарони зиёде аз ин аксҳо ба ваҷд омада, навиштаанд, ки ба Захарова чакани тоҷикӣ зебидааст. Мария Захарова 46 сол дорад. Аз моҳи августи соли 2015, қариб 7 сол аст, ки намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад. Захарова дар ин мақом бо ҳамлаҳои тунд ва гоҳо хашмгинонааш алайҳи кишварҳои ғарбӣ маъруф аст. Аммо дар бораи Тоҷикистон вай маъмулан хуб ва бо самимият менависад.


Санъати гулдӯзии чакан, ки махсусан дар ҷануби Тоҷикистон маъруф аст, соли 2018 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО шомил шуд.

АКС аз Telegram

Июнь 22, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид