Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

Июнь 2, 2022 19:55

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери «Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон» имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории дуҷониба миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;

— Созишнома миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023;

— Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон;

— Харитаи роҳ оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон;

Дар маҷмӯъ дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нав Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2022 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни форум баъди муаррифии имконияти сармоягузорию тиҷаоратии Тоҷикистон миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ба хотири таҳкиму тавсеи ҳамкорӣ ва дарёфти шарикони нав мулоқоту суҳбатҳо доир шуданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти кори Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар маҷмӯъ 75 санади нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Маблағи созишномаҳои имзошуда дар маҷмӯъ 570 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Созишномаҳои дуҷониба фаъолияти ҳамкории минбаъдаи соҳибкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили аллюминии аввалия ба Узбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.

Дар форум инчунин ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ба маблағи умумии 258 миллион доллари америкоӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмуъ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо дарназардошти натиҷагирии форуми тиҷоратию иқтисодӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари америкоӣ татбиқ карда мешаванд.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон 02.06.2022

Июнь 2, 2022 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд