ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД? Ба хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рӯзи маросими савганди ҳарбӣ ёд кардан дипломҳояшонро супурданд

Июнь 2, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба  як зумра  хатмкунандагони ин даргоҳ, ки баҳри  иҷрои хизмати ҳарбӣ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон пайвастанд, дар рӯзи маросими савганди ҳарбӣ ёд кардан  дипломҳояшонро дар ҷамъомади   тантанавӣ  супурданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Дар маросими мазкур муовини ректори  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба тарбия Ситора Абдумуминзода  зикр кард, ки «ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани донишҷӯёни донишгоҳи мо нишони ҷавонони ғаюру ватандӯст будани онҳо буда, наваскарон  бо ин амали наҷибашон мояи ифтихори ин боргоҳи илму маърифат гашта, барои дигарон намудани олии ибрат шуданд».

— Онҳо собит карданд, ки ҳамчун ворисони арзанда -давомдиҳандагони  анъанаҳои неки аҷдодон, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан ва муҳофизони сулҳу субот ва  истиқлоли давлатӣ  мебошанд, — афзуд Ситора Абдумуминзода.

Наваскарон дар навбати худ иброз доштанд, ки  хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмарди асил  ба шумор рафта, ҳар як ҷавонро зарур аст, саҳми худро дар ҳимояи марзу буми он гузорад.

Яке аз наваскарон бо хондани ин мисраъҳо дигаронро ба хизмати Модар-Ватан даъват намуд:

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?
Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?

Дар маросими мазкур ҳамчунин намояндагони комиссарияти ҳарбии ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем,  ки 1 июн даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид.

Тавре  сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт: «агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд»

-Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад, -тазаккур дод Фаридун Маҳмадализода.

Номбурда таъкид намуд, ки «хизмати ҳақиқии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ марҳилаи муҳими ҳаёти ҳар ҷавон мебошад. Дар артиш ӯ на танҳо аз мактаби хуби ҳаёт мегузарад, балки дӯстони ҳақиқӣ пайдо мекунад ва аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ обутоб меёбад. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчии ҳарбӣ имкон дорад, ки худро аз ҳама беҳтарин нишон диҳад, дарк кунад, ки ӯ воқеан ба чӣ қодир аст, зеро дар он ҷо метавонад омодагии хуби ҳамаҷониба гирад, малакаҳои барои ҳаёт муфид омӯзад,  боинтизом шавад, тарзи кори дастҷамъона ва пайдо кардани дӯстони якумриро ёд гирад. Вале аз ҳама муҳим- ҷавонон дӯст доштан ва ҳимоя  намудани Ватанро ёд мегиранд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 2, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид
Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Вобаста ба малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд