Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи ҷаҳонии «Tbilisi Grand Slam- 2022» мақоми ҳафтумро соҳиб гардиданд

Июнь 7, 2022 15:58

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи байналмилалии оид ба намуди гуштини дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2022», ки 3-5 июни соли равон дар шаҳри Тбилиси пойтахти Гурҷистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик мақоми ҳафтумро соҳиб гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 нафар варзишгар намояндагӣ карданд: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг).

Аз байни паҳлавонони тоҷик се нафар — Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд. Бо се ҷои ҳафтум дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ мақоми 21-умро ишғол кард. Дастаи мунтахаби Гурҷистон бо касби 14 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби даставӣ ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Фаронса бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 2 тилло сеюм шуданд.

Дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» ҳамагӣ 278 варзишгар (173 мард ва 105 зан) аз 36 кишвар ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии оид ба намуди гуштини дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд ва Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

АКС: КМО Тоҷикистон

https://youtu.be/xZ0dk1XfE_w

Июнь 7, 2022 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд