Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон КВД «Чарми Данғара»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-ро, ки аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.
Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар дар масоҳати 5 гектар сохта шудааст.
Иншооти мазкур аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди пашм, пуст, истеҳсоли пашм, пойафзол, тагчарм ва дегхона иборат мебошад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ 48 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот, ки барои дӯхти сару либоси занонаву мардона, либосҳои ҳарбӣ ва кулоҳҳои зимистона пешбинӣ гардидааст, насб шуда, дар ин ҷо 45 нафар занони хонанишин ба кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар сехи дӯзандагӣ дар як рӯз 150 то 200 дона кулоҳ ва то 80 дона камуфляжи тобистона истеҳсол карда мешавад.
Дар корхона истеҳсоли пойафзол низ ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти истеҳсоли пойафзол аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардидааст, ки дар як гардиш 36 ҷуфт истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 25 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳ асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.
Дар сехи коркарди ашёи хоми чарм дастгоҳи истеҳсоли тагчарм насб гардида, дар 4 дақиқа 36 адад ва дар 8 соати корӣ 4320 тагчарм истеҳсол мекунад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи “Чарми Данғара” 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ ва маош шуда, масъалаи таъминот бо сару либос, рахти хоб ва пойафзол низ беҳтар мегардад.









Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






