Сафири Тоҷикистон бо Ваколатдори вижаи Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури Афғонистон ва Покистон мулоқот намуд

Июнь 17, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори вижаи Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури Афғонистон ва Покистон,  Ваколатдор оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва сиёсати Ҳинду Уқёнуси Ороми Вазорати Федеролии корҳои хориҷии Олмон Яспер Вик мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ тарафҳо перомуни масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 17, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд