Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” аз соли 1977 таъсис ёфтааст. Корхона тӯли 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ», ки калонтарин корхонаи саноатии Узбекистон аст, қолинҳои гуногун ва калоба истеҳсол мекунад ва соли 1977 таъсис дода шудааст.
Майдони умумии корхона 11,8 гектар ва масоҳати зери сохтмони иншооти истеҳсолӣ 4,7 гектарро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар корхонаи қолинбарорӣ 250 нафар бо кор таъминанд.
Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 2,2 миллион метри мураббаъ қолин мебошад.
Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2002 корхонаи муштараки Узбекистону Олмон барои истеҳсоли қолинҳои пашмин, ки дар бозорҳои хориҷӣ серталаб аст, бо насби 30 дастгоҳи нави бофандагӣ ба фаъолият оғоз кард.
Корхона бо дастгоҳҳои муосири ресандагӣ (PPM240) ва дастгоҳҳои шонабандӣ (ACH214) муҷаҳҳаз буда, истеҳсоли риштаи нимпашминро бо иқтидори пурраи истеҳсоли қолин ба роҳ мондааст.
Маҳсулоти тайёри корхонаи Ҷамъияти саҳомии қолинбофии «Хива» ба Русия, Олмон ва дигар кишварҳо содирот карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори содиротии корхона дар як сол 5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва суҳбат бо коргарону мутахассисони фабрикаи қолинбофӣ Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, васеъ намудани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориро дар самти содироту воридоти маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон муҳим шумориданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






