Сарвазири Арманистон Никол Пашинян роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 6 июн, пеш аз оғози кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) роҳбарони парлумонҳои Созмонро Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Никол Пашинян таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СААД афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо кард.
Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Сарвазири Арманистон таманниёти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, изҳори итминон кард, ки имрӯз дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ иштирокчиён доир ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ табодули андеша менамоянд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Арманистон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи кунунии муколамаи сиёсӣ қаноатманд аст.

Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки соли гузашта Тоҷикистон раёсати СААД-ро бар уҳда дошт.
«Дар ин замина, мо як қатор тадбирҳоро муайян кардем, ки барои васеъ намудани доираи ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар доираи Созмон ҳал мешаванд, пешбинӣ шудаанд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар СААД мавқеи махсусро ишғол намуда, дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди робитаҳои амалӣ оид ба ташаккул ва рушди чорабиниҳои умумии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба мубориза бо таҳдидҳои дар назди Созмон пайдошуда саҳми арзанда дорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






