«Sputnik»: Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Русия ва ИМА рақибони худро шикаст доданд

Июнь 13, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зодагони Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатиро дар мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонӣ, ки дар онҳо пирӯзиҳои боварибахш ба даст меоранд, мегузаронанд, менависад агентии иттилоотии русии «Sputnik».

11 июн Муборакшо Муборакшоев дар доираи мусобиқаи «Pravda FC» дар Москва бар варзишгари рус Николай Нестеров бо нокаути техникӣ пирӯз шуд.

Ҳоло Муборакшоев дар собиқаи варзишии худ дорои 7 ғалаба дар 7 қувваозмоӣ мебошад.

Муштзан Баҳодур Усмонов, ки дар «Ҷоми байниқитъавӣ» дар Москва аз номи Осиё баромад мекард, бо қарори якдилонаи доварон бар Александр Девятови рус ғолиб омад.


Дар ҳамин ҳол, дар Амрико паҳлавони дигари тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи LFA Fighting 134 бо Герберт Рейс де Соузаи бразилӣ қувваозмоӣ намуд.

Муҳориба аз рӯи қоидаҳои MMA баргузор шуда, се дақиқа идома кард ва бо нокаути размикори бразилӣ анҷом ёфт.


Барои де Соуза ин нокаут аввалин бор дар собиқаи ӯ гардид. Пеш аз ин ӯ 15 ғалаба ба даст оварда, як маротиба бо қарори доварон мағлуб шуда буд.

Муин Ғафуров низ 15 пирӯзӣ ва се бохт дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 13, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд