ТАРРОҲИ ФАРҲЕХТАИ ҲУСНИ БАЁНИ ТОҶИКӢ. Профессор Ҳомид Маҷидов умри худро ба тадқиқи паҳлуҳои мухталифи илми забоншиносӣ бахшидааст

Июнь 12, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 12.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Профессор Ҳомид Маҷидов бо ифтихор қайд мекунад, ки «… забони адабии муосири тоҷикӣ яке аз гунаҳои меъёрии забони умумихалқии мардуми точик аст. Он на фақат идомаи форсии классикӣ мебошад, он ҳамчунин дар худ унсурҳои забони умумихалқии точикони Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои гирду атрофи онро маҳфуз медорад». Чунин иқтибос оварда шудааст дар мақоле, ки шогирдони Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми филология, профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳомид Маҷидов ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол намудаанд.

Илм равшангари роҳи инсоният аст. Муҳаққиқон тавассути таҳқиқу пажуҳиш мардумро раҳнамоӣ карда, барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта мусоидат мекунанд. Хосатан, вақте он соҳибилм, омӯзгору устод бошад ва илмаш ба қавле «ба амал ёр гардида бошад». Ҳамзамон бо таҳқиқи ин ё он риштаи илме дасти ҷавонеро гирифта, онро бо дуои нек ба роҳи рост ҳидоят кунад. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳои фарҳеҳта Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми филология, профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷик Ҳомид Маҷидов мебошад, ки умри пурбаракати худро ба тадқиқи паҳлуҳои мухталифи илми забоншиносии тоҷик – фразеология, луғатшиносӣ, сарф, масъалаҳои меъёри забони адабӣ, ҳусни баёни тоҷикӣ ва усулҳои таълими он, ҳамчунин ба омода сохтани кадрҳои баландихтисос бахшидааст.

Дастуру мақолаҳо ва асарҳои илмию таълимии ӯ беш аз 400 ададро ташкил карда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ ба табъ расидаанд. Ин мақолаву асарҳои таҳқиқӣ имрўз барои шогирдону донишомўзон, муҳаққиқон ва олимони риштаи забону адабиёт ва, умуман, барои ҳаводорони забони ноби тоҷикӣ чун дастур ва роҳнамои таҳқиқ хизмат мекунанд. Масалан, «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик» (1982), «Забони адабии муосири тоҷик» (2007), «Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик» (2006), «Гурӯҳҳои феъли забони тоҷикӣ» (1978), «Ибораҳои фразеологӣ ва таркибҳои феълӣ» (1986), «Оид ба категорияи намуди феъл дар забони тоҷикӣ» (1999), «Оид ба баъзе майлонҳои номатлуб дар забони адабии муосири тоҷик» (2003), «Оид ба масъалаҳои мутобиқати калимаҳои иқтибосии русӣ ва аврупоӣ» (2003), «Оё мо забони адабии шифоҳӣ дорем?» (2004) «Забони адабии тоҷикӣ ва меъёрҳои луғавии он» (2005), «Мулоҳизае чанд роҷеъ ба баъзе масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ» (2010) ва ғайраро мисол овардан мумкин аст, ки аз ҷониби олимони соҳа бо тақризҳои сазовор дар ВАО ва баъзе китобҳо муҳокима ва баррасӣ гардида, сазовори баҳои баланд гардидаанд.

Аксари мақолаҳои ҳаҷман бузурги профессор Ҳ. Маҷидов соли 2014 дар шакли китоб ба табъ расидаанд, ки масъалаҳои мухталифи сарбастаю пурбаҳси илми забоншиносиро дар бар гирифтаанд ва яке аз онҳо «Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикӣ» мебошад. Он аз рўи мазмуну муҳтаво ва масъалагузорӣ арзиши як китоби алоҳидаро дорад. Профессор Ҳ. Маҷидов дар ин пажуҳиш бо далелҳои асосонок ба масъалаи пурбаҳси меъёри забони адабии тоҷикӣ, ки солҳо боз мавриди муҳокима қарор дошт, нуқта гузошт.

Мақола бо шарҳи истилоҳии «меъёр» оғоз гардида, баъдан бо баррасии баъзе ақидаҳои соҳибзабонон роҷеъ ба мафҳуми «меъёри забон» идома меёбад. Профессор Ҳ.Маҷидов бо ифтихор зикр мекунад, ки «… забони адабии муосири тоҷикӣ яке аз гунаҳои меъёрии забони умумихалқии мардуми точик аст. Он на фақат идомаи форсии классикӣ мебошад, он ҳамчунин дар худ унсурҳои забони умумихалқии точикони Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои гирду атрофи онро маҳфуз медорад».

Мавриди зикр аст, ки муаллифи мақола омили асосии ба ин мартаба боло рафтани забони адабии муосири тоҷикиро натиҷаи хидматҳои шоёни адибони тоҷик Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва адибони зиёди дигар медонад.

Ба ақидаи профессор Ҳ. Маҷидов маҳз Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки забони адабии муосири тоҷикӣ рушду такомул ёфта, имкониятҳои ахбории худро тавсеа бахшид. Баъд аз тафсири мафҳуми меъёри забон ва сабабу натиҷаҳои инкишофи забони меъёрии тоҷикии муосир муҳаққиқи нозукбаён ва профессори соҳибхирад махсус таъкид мекунад, ки «…азбаски мафҳуми меъёри забон бо доираи истеъмоли воҳидҳои сатҳҳои ҷудогонаи он алоқамандии бевосита дорад, анвои онҳоро дар робита бо ҳамин воҳидҳо аз назар гузаронидан лозим мешавад. Аз ин нуқтаи назар дар забони адабии муосири тоҷикӣ меъёрҳои истеъмолии савтию аксентологӣ, сарфиву калимасозӣ, луғавию маъноӣ, фразеологӣ ва наҳвиро, ки ҳар яке аломату нишонаҳои хосро соҳибанд, ҷудо намудан мумкин аст».

Албатта, ин гуна радабандии меъёрҳои забонӣ ба хонанда имконият медиҳад, ки ҳар як нуктаи алоҳидаи меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикиро хеле хуб ва мушикофона дарк намояд. Дар қисмати «Меъёрҳои савтиву аксентологӣ» сараввал профессор Ҳ. Маҷидов дар бораи овозҳои «и» ва «у»-и дароз ибрози андеша намуда, бар хилофи ақидаи бархе аз забоншиносон, ки гўё «қимати фонологии худро гум кардаанд», бо мисолҳои зиёд ва далелҳои илмӣ мавҷудияти онҳоро дар забони адабии муосири тоҷикӣ исбот кардааст. Дар идома, роҷеъ ба мавқеи истеъмоли овозҳои «ж», «қ», «ъ», «ҷ», «ҳ»-и забони адабии муосири тоҷикӣ ва интонатсияю заданокии он ақидаҳои асосноки худро баён намудааст.

Хулосаи устод дар масъалаи меъёрҳои савтиву аксентологӣ хусусияти таъкидӣ дорад. Профессор Ҳ.Маҷидов менависад, ки «Барои таъмини истифодаи саҳеҳу дурусти меъёрҳои савтиву аксентологии забонамон мақоми луғатҳои орфоэпӣ, аксентологӣ ва интонатсионӣ ниҳоят калон аст. Мутаассифона, дар забоншиносии тоҷик то ҳол чунин луғатҳо ба вуҷуд оварда нашудаанд».

Банди дуюми мақолаи мавриди таҳлил бо номи «Меъёрҳои сарфиву калимасозӣ» шуруъ гардида, дар он қоидаҳои муҳимтарине, ки риояи онҳо дар забони муосири тоҷикӣ шарт ва зарур мебошад, бо низоми муайяни ба таҳқиқи илмӣ хос оварда шудааст. Пеш аз ҳама, дар ин банд қоидаҳои мансуби ҳиссаҳои нутқ – аз исм то ҳиссачаву нидо баррасӣ гардидаанд. Дар мавриди меъёрҳои калимасозӣ низ қайдҳои ҷолибе аз ҷониби профессор ишора гардидаанд. Махсусан, ба усули таркибии калимасозӣ, ки имрўзҳо хеле инкишоф ёфтааст ва дар доираи аксарияти ҳиссаҳои нутқи забонамон мушоҳида мегардад, усули ихтисораро низ дохил мекунад. Дар ин самт профессор Ҳ. Маҷидов таъкид мекунад, ки «Созмони калимаҳои нав бо усули ихтисора қоидаҳои муайяни худро дорад, ки ба қонунияти ҳамнишинии овозҳои тоҷикӣ ва ё номи ҳарфҳои ифодагари онҳо алоқаманд мебошад. Дар мавриди созмон додани чунин калимаҳо бояд ин қонуниятҳои ҳамнишинии овозҳо, ҳарфҳо ва ҳиҷоҳо ба ҳисоб гирифта шаванд. Дар акси ҳол ихтисороти гўшхароши ба талаффузи тоҷикӣ носозгор ба вуҷуд омада метавонад». Албатта, дуруст аст, ки дар чунин ҳолат ихтисораи бавуҷудомада зуд аз истифода берун мегардад.

Бахши дигари мақола, ки «Меъёрҳои луғавию маъноӣ» ном дорад, донистани он барои ҳар як соҳибзабон ниҳоят муҳиму зарур маҳсуб мешавад. Зеро ки он бо сабаби ғанӣ ва бой буданаш нисбат ба дигар бахшҳои меъёрии забон тез-тез ба тағйирот дучор мегардад. Профессор Ҳ.Маҷидов баробари баррасии меъёрҳои калимаҳои аслии тоҷикӣ, шевагӣ, иқтибосӣ, калимаҳои ифодагари мафҳумҳои малеҳу адабӣ қайд мекунад, ки «Солҳои зиёд вазифаи луғати меъёрии забони тоҷикро луғатномаи «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (Москва, 1954) ва «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (нашри охир: Душанбе, 2006) адо мекард. Соҳибзабонон ин ё он калимаи мустаъмал, маъноҳо ва мавридҳои истеъмоли онро ба тавассути ҳамин сарчашмаҳо муайян мекарданд. Намунаи луғати меъёрии тафсирӣ дар ду ҷилд бо номи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» аввалин бор дар таърихи навини забоншиносии тоҷик соли 2008 ба нашр расидааст. Бо вуҷуди баъзе нуқсону норасоиҳое, ки дар ин луғат роҳ ёфтаанд ва боиси танқиду хўрдагириҳои баъзе ашхос гаштаанд, маҳз ҳамин асар вазифаи ҳуҷҷати нозири меъёрҳои забони адабӣ буданро иҷро карда метавонад.

Дар ҳақиқат ба табъ расидани «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» яке аз шоҳкориҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад, ки профессор Ҳ.Маҷидов ба воситаи ин мақола дар хусуси ин луғат назари мусбати худро баён мекунад. Дар банди чоруми ин мақолаи профессор Маҷидов Ҳ. меъёрҳои фразеологӣ мавриди баҳс қарор гирифтаанд. Ба ақидаи олими нуктасанҷ Ҳ.Маҷмдов захираи таъбироти меъёрӣ назар ба ҳамин гуна захираи луғавии забон миқдоран камтар мебошанд, ки ба ҷумлаи онҳо пеш аз ҳама, воҳидҳои фразеологии серистеъмолу муътадилоҳанг, ифодаҳои рехтаи қабати китобӣ, махсусан, таъбироти мансуби забони адабиёти бадеӣ, ҳамчунин истилоҳоти таркибию рехтаи соҳаҳои гуногуни илму фан, таъбироти адабии гуфтугўӣ ва аз рўйи зарурат як идда воҳидҳои рехтаи шевагӣ дохил мешаванд. Риоя нагардидани ин меъёрҳо аз ҷониби муаллиф махсус қайд гардидааст: «Шикастани қолабҳои мустаъмали таъбироти забонамон ва ба истеъмол ворид намудани нусхаҳои ғайримаъмули онҳо низ аз риоя нашудани меъёрҳои фразеологӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар шакли ба ин вуҷуд, ба кор бурдани таркиби рехтаи бо вуҷуди ин, истифодаи хошоку хас ба ҷойи хасу хошок, чолоку чуст ба ивази чусту чолок, нузу ноз дар мавриди нозу нуз аз ҳамон қолабшиканиҳои номатлубанд, ки гоҳо дар забони матбуоти замон ба мушоҳида мерасанд».

Албатта, дар ин маврид низ моро як фарҳанги бузурги фразеологӣ лозим аст, ки чунин қоидаҳо дар он сабт ёфта бошанд. Ин нукта бо таассуф дар хулосаи ин банд, қайд гардидааст. Банди панҷуми мақолаи «Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикӣ» меъёри наҳвӣ оварда шудааст. Дар ин банди мақола қоидаҳои дурусти иборасозӣ ва ҷумлаороии забони адабии муосири тоҷикӣ баррасӣ гардидааст. Дуруст аст, ки забони адабии муосири тоҷикӣ низ яке аз шохаҳои забони форсӣ мебошад ва ба монанди дигар забонҳои пешрафтаи дунё қоидаҳои дар заминаи илми грамматика муқарраргардидаи худро дорост. Ба ин нисбат дониставу надониста ибораю ҷумлаҳои онро дар қолаби забони форсии Эрон ва ё шеваю лаҳҷаҳои он сохтан дуруст нест. Дар ин банди мақола муаллиф ин падидаро танқиди намуда, таъкид мекунад: «Қобили тазаккур аст, ки қолабҳои наҳвии зиёди дар форсизабонони бурунмарзӣ истифодашаванда ба меъёрҳои истеъмолии забони мо мувофиқат намекунанд. Ба ин нисбат гоҳе ба тоҷикзабон ҳамчун қолаби ифодаи хоси тоҷикӣ пешкаш намудани онҳо ба ҷуз саргумиву ҳамдигарнофаҳмиҳо чизи дигареро ба вуҷуд оварда наметавонанд. Масалан, ҷумлаҳои хабарашон танҳо бо сифати феълӣ бидуни бандакҳо ифодашуда, ки аз ҷониби баъзе қаламдастон зиёд суйистифода мешаванд, ба қатори ҳамин гуна қолабҳо дохил шуда метавонанд».

Воқеан, мақолаи «Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикӣ» арзиши баланди илмӣ дорад ва онро метавон ҳамчун фанни интихобӣ дар курсҳои болоии риштаи филологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷорӣ намуд.

Профессор Ҳ.Маҷидов ба ин монанд мақолаҳои зиёди сатҳи илмиашон баланд дорад ва барои таҳлилу баррасии он доираи як мақола тангӣ мекунад.

Муҳаммадёр ҲАЙДАРОВ,
Маҳмадалишо МУЗОФИРШОЕВ,
Фирдавс МИРЗОЁРОВ,
дотсентони ДМТ

АКС аз бойгонӣ

Июнь 12, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми сеюми байналмилалии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русия-Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз шуд
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Вобаста ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии меҳнат вохӯрии минтақавии шарикони рушд доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад