ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон расман оғоз гардид

Июнь 24, 2022 09:49

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар маросими оғози расмии он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иштирок намуданд.

Роҳи Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон роҳи мушкилгузар буда, 110 километрро дарбар мегирад.

Ҳамчунин гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеҳои мушкилгузари роҳи Дарвоз-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон боздид намуданд.

Мавриди зикр аст, ки масофаи қитъаи роҳи Қалъаи Хумб — Ванҷ айни замон 109 километрро ташкил дода, бо сохтани ду нақб то 90 километр кӯтоҳ кардани он пешбинӣ шудааст.

Дар доираи корҳои таъмиру таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, роҳи автомобилгарди Душанбе — Хоруғ — Қулма дар қаламрави ВМКБ, ки таъмиру бозсозиаш ба нақша гирифта шудааст, ба се қисм ҷудо гардидааст.

Бо назардошти мавқеи душвори ҷуғрофӣ корҳои таъмиру бозсозии роҳ ҷудо-ҷудо дар қисматҳо гузаронида мешавад: Қалъаи Хумб — Ванҷ то марзи Рӯшон, Рӯшон — Хоруғ ва Хоруғ — Қулма то сарҳади Чин.

Тибқи арзёбии пешакии Вазорати нақлиёт, барои корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи Рӯшон — Хоруғ (масофааш 163 км) 200 млн доллар ва қитъаи Хоруғ — Қулма (масофааш 395 км) — 567 млн доллар маблағ лозим аст.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июн зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара суханронӣ намуда, ба масъалаи воқеаҳои охири Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, ки аҳолии тамоми мамлакатро ба ташвиш оварда буданд, дахл карданд.

«Рушду некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардумро танҳо дар шароити амнияту оромӣ ва суботи ҷомеа таъмин кардан мумкин аст. Маҳз суботу устуворӣ ва амният барои мардум имкони эҳсоси зиндагии хуррам ва эътимод ба фардоро фароҳам оварда, онҳоро ба меҳнати софдилона ва фидокорона ба нафъи сарзамини хеш илҳом мебахшанд»,- таъкид доштанд Пешвои миллат.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки бо Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамкории зич ба роҳ монда, татбиқи барномаҳои давлатии қаблан тасдиқшударо ҷиҳати рушди минтақа дар соҳаҳои мухталиф аз сар гиранд. Минҷумла, ба Вазири нақлиёт Азим Иброҳим супориш дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар аз ҳисоби буҷети давлат роҳу пулҳои аз ҷониби ҷинояткорон харобшуда, аз ҷумла пули болои дарёи Ғунд дар Хоруғро барқарор намуда, сохтмону таҷдиди қитъаи роҳҳои Калъаи Хумб-Ванҷ ва Рӯшон-Хоруғи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма ва долонҳои зиддитарма дар маҳаллаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро таҳким бахшад.

Сарвари давлат Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабирро барои омӯзиши имкониятҳо ва хусусиятҳои маҳаллии бунёди паркҳои технологӣ ва корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо шарти то ҳадди 80% ба кор дар  ин иншоот ҷалб намудани аҳолии маҳаллӣ ба муддати даҳ рӯз ба Хоруғ ба сафари корӣ фиристоданд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба роҳбарони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (ҷиҳати бо кор таъмин намудани сокинони маҳаллӣ), Вазорати маориф ва илм (оид ба таъмини мактабҳои вилоят бо асбобу анҷоми таълимӣ ва рушди забони давлатӣ), Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ (оид ба таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаи зарурии мувофиқ шароити кӯҳсор ва тухмии хушсифат), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (оид ба азхудкунии қариб 1000 гектар замин дар Рӯшон ва дигар ноҳияҳои вилоят), Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ (оид ба вусъат бахшидани сохтмони иншоот дар Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят) дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 Акс: МИҲД-и ВМКБ

Июнь 24, 2022 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид