Вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи Парламентии СААД қадрдонӣ гардиданд

Июнь 29, 2022 14:43

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Маҳмадтоир Зокирзода ба чанд нафар вакилони Парлумон ордену медалҳои ҷашнӣ, нишонҳои сарисинагии хотиравии 30-солагӣ ва «Ифтихорнома»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва ифтихорномаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро (АП СААД) дар маросими тантанавӣ тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ин мукофотҳо ба вакилон барои хизматҳо дар рушд ва таҳкими парламентаризм, саҳмгузорӣ дар рушд ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ИДМ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ тақдим гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосия Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонида шуданд.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Ғиёсиддин Ашурзода, Мунаввар Абдусаломзода баррасӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 29, 2022 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад