ВАРЗИШ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛИ ДӮСТӢ. Дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ бастанд

Июнь 15, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ноиби чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд» ва дастаи «Металлург»-и Лигаи олии Узбекистон ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати табодули таҷриба ва ҳамкории мутақобилан судманди ду даста ва барои таҳкими шарикӣ дар рушди футбол дар сатҳи минтақа тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.

«Ёддошти тафоҳумро директори иҷроияи дастаи футболи «Хуҷанд» Муродҷон Умаров ва директори генералии бошгоҳи касбии футболи «Металлург» Р.М.Черников имзо карданд», — омадааст дар хабар.

Варзишгарон ва мураббиёни онҳо дар бораи табодули таҷриба ва ҳамкории мутақобилан судманд ба мувофиқа расиданд.

Дастаҳо дар доираи лоиҳаҳо ва чорабиниҳо мубодилаи маълумот карда, бозигаронро интиқол медиҳанд, дар доираи рушди футболи наврасон лоиҳаҳои муштаракро байни дастаҳо амалӣ месозанд ва равобитро миёни мактабҳои варзишӣ ташкил мекунанд.

Дастаҳои футбол баргузории тамринҳои муштарак, рушди футболи занона ва футзалро ба нақша гирифтаанд ва бо намояндагони тибби варзишӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.


Зимнан дар Бекобод Мусобиқаи байналмилалии кӯдакон барои дарёфти Ҷоми Металлург баргузор шуд. Дар мусобиқа дастаҳои бачагонаи Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин дастаи «Солор»-и Душанбе, ки чемпиони мусобиқа ва барандаи Ҷоми «Металлург» гардид, иштирок намуданд.

АКС: Дастаи футболи «Хуҷанд»

Июнь 15, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид