35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Кӯчаҳои шаҳри Ҳисор то ин ҷашни миллӣ пурра таъмиру таҷдид мегарданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2022/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки кӯчаҳои маҳалли зисташонро пурра мумфарш намоянд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи Белайдуз дар ин амал пешсафӣ нишон медиҳанд. Ин матлабро раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
— Дар маҳаллаи Белайдуз аз нисф зиёди кӯчаҳо, ки дар умум 11 ададро ташкил медиҳанд, алаккай мумфарш шудаанд ва бо оғози рӯзҳои гарми тобистон тамиру таҷдиди роҳҳо дар кӯчаҳои боқимонда вусъати тоза пайдо намудаанд, — гуфт раиси маҳаллаи мазкур Маҳкам Мирзоев.
Раиси маҳаллаи Белайдуз Маҳкам Мирзоев ҳамчунин гуфт, ки мумфаршкунии роҳҳо бо дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо усули ҳашар идома дошта, роҳҳои мавзеъҳое, ки мумфарш гардиданд, аз ҷумла дар кӯчаҳои Белайдуз, ба номи Содиқ Аъзамов ва Файзулло Ҳусейнов, ҷӯйҳо ва ду канори роҳ –пайроҳа барои пиёдагардон аз ҷониби истиқоматкунандагони маҳалла бетонпӯш шуданд.
Раиси маҳалла бо қаноатмандӣ аз дастгирии дастҷамъонаи сокинони маҳалла ёдовар шуда, гуфт, ки дар таъмиру мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳо, дар маҷмӯъ дар ободонии маҳалла саҳми оилаҳои Саидовҳо, Усмоновҳо ва Камоловҳо шоистаи таҳсин аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






