Ҳайати Узбекистон дар Кўлоб оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн сардорони сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири ин ниҳод Эркин Муҳитдинов ва мушовири пешбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти даволатии шаҳри Кўлоб.
Ҳайати меҳмононро Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифта, онҳоро хайра мақдам гуфтанд.
Зикр гардид, ки дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муносибатҳо байни вазорату мақомот ва идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.
Меҳмонон нахуст оромгоҳи орифи номдори Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид карданд.
Баъдан бо ҳузури ҳайати Узбекистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Кӯлоб мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода баргузор гардид.
Дар идома меҳмонон аз Муассисаи давлатии техникии Литсейи касбии техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намуда, бо шароити таълим дар ин даргоҳ аз наздик шинос шуданд.
Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






