Аз болои дарёи Вахш пули 760-метра бо тарҳи мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи сохтмони роҳи мошингарди лоиҳаи Роғун-Обигарм-Нуробод аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, зимни мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати «Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture»-и Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сохтмони пул бо равишҳои пешниҳоди молиявӣ барои интихоби хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ оид ба тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.
Мавриди зикр аст, ки таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи беш аз 123 миллион доллари амрикоӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, татбиқи лоиҳа охири соли 2023 дар назар дошта шудааст.
Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+ 217 км) роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад.
Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч- 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷуда ва 1 пули муваққатӣ дар назар аст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






