Ба «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ба номи Додхудо Карамшоев»-и ноҳияи Рӯшон кумак расонида мешавад

Июль 2, 2022 09:05

ДУШАНБЕ, 02.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ба номи Додхудо Карамшоев»-и ноҳияи Рӯшон дидан намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат.

Зиёдулло Абдулзода дар қатори синфхонаҳои таълимӣ бо шароити зисти хонандагон дар хобгоҳи муассисаи мазкур аз наздик шинос шуд. Маълум гардид, ки муассисаи мазкур ба бомпўш намудани ошхона, бунёди майдончаи варзишию ҳарбӣ, аз таъмири асосӣ баровардани бинои хобгоҳ, ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудани толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ ва шабакаи интернет эҳтиёҷ дорад.

Номбурда таъкид кард, ки дар пайравӣ ба сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати маориф ва илми мамлакат дар доираи имконият ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои судманд меандешад. Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва маҳфилҳои фаннӣ ва дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани хонандагон чораҳои дахлдор андешиданд.


Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур 170 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 105 нафарро писарон ва 65 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи зикршуда 81 нафар аз ноҳияи Рӯшон, 14 нафар аз ноҳияи Шуғнон, 4 нафар аз шаҳри Хоруғ, 27 нафар аз ноҳияи Мурғоб, 4 нафар аз ноҳияи Ишкошим, 4 нафар аз ноҳияи Ҷайҳун, 13 нафар аз ноҳияи Роштқалъа, 8 нафар аз шаҳри Душанбе, 10 нафар аз ноҳияи Ванҷ, 1 нафар аз ноҳияи Ёвон, 3 нафар аз ноҳияи Ишкошим ва 1 нафар аз шаҳри Ваҳдат мебошанд.

Дар муассисаи мазкур 31 нафар омӯзгор, 15 нафар мураббия ва 4 нафар роҳбарони маҳфилҳо ба таълиму тарбияи насли насли наврас машғуланд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Июль 2, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид