БА ШАРАФИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмон ва таҷдиди 1626 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Июль 7, 2022 08:16

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор сохтмону таҷдиди 1626 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 640 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 117 адад сохтмон, 284 адад ба таъмиру таҷдиди роҳҳо, 186 адад ба таъмири симчӯбу хатҳои барқ, 91 адад ба иншооти оббиёриву обрасонӣ ва боқимонда ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурстӣ, сайёҳӣ, фарҳанг ва варзиш тааллуқ доранд. Дар ин бора зимни маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, ки бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар доир гардид, иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки новобаста ба таъсири омилҳои беруна рушди бахши иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввал бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, барои сокинони шаҳр бобарор арзёбӣ мешавад. Бо афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва савдо рушди иқтисодӣ дар шакли устувор нигоҳ дошта шудааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор дар панҷ моҳи соли равон 1 миллиарду 110,3 миллион сомонӣ ва суръати рушд 97,8 фоизро ташкил дод.

Таъкид гардид, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси шаҳр, муовинон ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 17 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла дар деҳаи Гачаки деҳоти Деҳқонобод корхонаи саноатии истеҳсоли шиферро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои сироятӣ ба бунёди Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ ва ҳамзамон ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО оғози расмӣ бахшиданд.


Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар маҳаллаи Белайдузи шаҳраки Ҳисор ва Ҳаёти Нави деҳоти Ҳисор роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудаанд. Ҳамчунин, барои кашидани ду хати иловагии барқ аз зеристгоҳи барқии 110 киловолтаи «Хонақоҳ» ба маркази шаҳрак корҳо оғоз гардидаанд.

Зикр гардид, ки аз 12 манбаи ҷамъоварии андозҳо нақшаи 7 намуди он таъмин гардида, ба қисми даромади буҷети шаҳр 85 миллиону 685 ҳазор сомонӣ, ё худ ба андозаи 93 фоиз маблағ ворид гардидааст. Аз маблағи умумии хароҷот 90,3 фоиз ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона гардидааст, ки 56,2 миллион сомониро дарбар мегирад.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои ҷангу гуруснагӣ дар баъзе кишварҳои олам ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон изҳори назар кард.

Иброз гардид, ки дар баробари муваффақиятҳо самти иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳр аз камбудиву норасоиҳо орӣ нест ва вобаста ба камбудиҳое, ки ироа гардиданд, тавсияву пешниҳодҳои мушаххас баён дошт.

Дар идомаи суханронӣ ў даъват ба амал овард дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонро бӯҳрони шаддиди сиёсиву иқтисодӣ, хавфу хатари гуруснагию қаҳтӣ, камчинӣ ва болоравии нарху навои маҳсулоти ғизоӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он таҳдид менамояд, моро зарур аст ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, бештару беҳтар фаъолият намоем ва маъракаи кишти такрорӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкориро вусъат бахшем, сарфаю сариштакориро риоя намоем ба ҷараёни амалишавии стратегияву барномаҳои соҳавӣ, ки пешбурди иқтисодиёти шаҳрро таъмин менамояд бемасъулияти зоҳир нанамоем ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ва бо натиҷаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба бигирем.

Дар анҷом Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар изҳор дошт, ки дар тамоми ҷамоат, шаҳраку деҳот бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида, моҳияти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонида шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади огаҳии бештари мардум аз муроҷиати Пешвои миллат оид ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва захираи маводи ғизоӣ барои ду сол аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис ёфтааст, мулоқоту суҳбатҳои муфид баргузор гардида, ҷиддияти масъала фаҳмонида мешаванд.

Қосим Роҳбар иброз дошт, ки роҳбарон ва сокинони шаҳри Ҳисор бо истифода аз донишу таҷриба ва бо меҳнати садоқатмандона ба рушду пешрафти бештари иқтисодию иҷтимоӣ ноил хоҳанд шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 7, 2022 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад
Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент пули мошингузар сохта мешавад
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд