Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд.
Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»












Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд






