Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Ироқ Кристиан Сванте Скуг баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Ироқ, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таҳсилот, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба таҷрибаи ЮНИСЕФ дар татбиқи барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ, инчунин имконияти истифодаи таҷрибаи мавҷуда дар рушди ҳамкории байналмилалӣ табодули афкор доир шуд. Ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкории муассир байни сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои дахлдорро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва таъмини шароити мусоид барои рушди кӯдакон таъкид намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи робитаҳои корӣ, табодули таҷриба ва мусоидат ба рушди ҳамкории судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






