Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт

Июль 16, 2022 09:13

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дирӯз, 15 июл дар маҷмааи варзишии «Суғдиёна»-и Ҷиззах баргузор гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба Федаратсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон бозигари «Соро компания»-и пойтахт Бахтиёр Солиев дубл кард. Голҳоро аз ҳайати дастаи Узбекистон Ҳусниддин Шодмонов ва Дилшод Раҳматов ба самар расониданд.

Қаблан бозии якуми дӯстона миёни футзалбозони Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфта буд.

Бозии санҷишии сеюм дар Ҷиззах миёни дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон пагоҳ, 17 июл баргузор мешавад.

Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мегардад.

 

Вохӯриҳои рафиқона миёни мунтахабҳои футзал

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:4

Голҳо: Дилшод Раҳматов, 7 (1:0). Ихтиёр Ропиев, 13 (2:0). Умед Кузиев, 19 (2:1). Ҳусниддин Нишонов, 19 (3:1). Баҳодур Хоҷаев, 26 (3:2). Идрис Ёров, 29 (3:3). Илҳом Ҳамроев, 31 (4:3). Дилшод Саломов, 34 (4:4).

14 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».

 

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:2

Голҳо: Хусниддин Нишонов, 6 (1:0). Бахтиёр Солиев, 27 (1:1). Дилшод Раҳматов, 28 (2:1). Бахтиёр Солиев, 37 (2:2).

15 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».

 

17 июл (якшанбе)

Оғоз – соати 19:00

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»

Акс: ФФТ

Июль 16, 2022 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид