ЧАРО ЧАШМОН ХИРА МЕШАВАНД? Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» бо табиби узвҳои босира (офталмолог)

Июль 6, 2022 16:35

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи одамоне, ки мушкилоти биноӣ доранд, вақтҳои охир босуръат меафзояд. Дар ҳамин ҳол, нарасиданитабибони бемориҳои чашм, бахусус дар манотиқи дурдаст бисёре аз сокинони деҳотро маҷбур мекунад барои табобат ба пойтахт биёянд. Вале, маатаассуф, тавре коршиносон мегӯянд, дар ҳолати дер муроҷиат кардан ба беморон танҳо амалиёти  ҷарроҳӣ кӯмак мекунад.

Дар бораи он ки чӣ омилҳо боиси хирашавии чашм мегарданд ва чӣ тавр бемориҳои чашмро метавон пешгирӣ кард, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон Саъдулло Мардонов  ҳамсуҳбат шуд. 

АМИТ «Ховар»: — Вақтҳои охир теъдоди торафт бештари одамон,  билхоса ҷавонон аз хирашавии чашмонашон шикоят мекунанд. Калонсолон мегӯянд, ки пештар чунин ҳолат набуд. Чашм яке аз узвҳои асосиест, ки тавассути он инсон 80 фоизи иттилооти атрофро қабул мекунад. Кадом омилҳо боиси бемориҳои чашм мешаванд? Сабабро дар чӣ мебинед? 

ҶАВОБ:— Бояд гуфт, ки дар тамоми кишварҳо вазъият чунин аст. Имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 2 миллиард ҳолати осебпазирии биноӣ ё нобиноӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 1 миллиарди онҳо ба далели набуди пешгирӣ ва табобат  ба амал омадаанд. Ин сабаби асосии афзоиши бемориҳои чашм аст. Ин рақамҳо дар гузориши ахири Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ оварда шудааст. 

АМИТ «Ховар»: — Яъне, сабаби асосӣ саривақт ташхис ва табобат накардани худи беморон аст?


ҶАВОБ: — Бале. Одамон бояд мунтазам аз муоинаи чашм гузаранд ва тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд. Илова бар ин, шумораи аҳолӣ меафзояд. Афзоиши демографӣ дар якҷоягӣ бо пиршавии аҳолӣ шумораи умумии одамони гирифтори бемориҳои чашмро афзун месозад, зеро паҳншавии  ин бемориҳо одатан бо гузашти синну сол зиёд мешавад.

Мутаассифона, имрӯз дар миёни онҳое, ки аз сустшавии узвҳои босира шикоят мекунанд, ҷавонону кӯдакон  зиёданд. Тибқи омор ва таҳлилҳо, солҳои охир дар миёни кӯдакону наврасон бемориҳои чашм, аз қабили камбинӣ, миопия ва гиперопия бештар ба мушоҳида мерасанд.  Бино ба таҳлилҳо дар  ин самт, паҳншавии ин бемориҳо дар байни ҷавонон аз давраи таҳсили томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ оғоз мепазирад, зеро дар давраи дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ аз муоинаи тиббӣ пурра  намегузаранд ва ё волидон ба он беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Бо гузашти солҳо,  қувваи биниш суст мегардад. 

АМИТ «Ховар»: — Мегӯянд, ки технологияҳои нав низ хатарноканд… 

ҶАВОБ: — Яке аз омилҳои заъфи биноӣ истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои ҳамроҳ, тамошои телевизор ва сӯиистифода аз фанновариҳо мебошад. Агар ин меъёрҳоро  риоя накунем, хастагии чашм ба амал меояд, зеро захираи биниш кам мешавад.

АМИТ «Ховар»: — Чашмон низ захираи худро доранд? 


ҶАВОБ: — Албатта. Зиёда аз се соат истифода бурдани телефони мобилӣ, тамошои беист ва нодурусти телевизор ба қобилияти визуалии ҷавонон ба таъсир намемонад.  Бояд тазаккур дод, ки дар физика сифати техникаро таъсири шуоъҳои ултрабунафш ва гамма ба техникаи муосир, аз ҷумла ба телефонҳои мобилӣ, компютер, экрани телевизор муайян мекунад. Аз ин рӯ, ба физикҳо ва дигар олимон лозим меояд, ки барои аз ин шуоъҳо эмин доштани чашмонашон тадбир андешанд. Зеро дар ҳоли ҳозир на ҳама медонанд, ки телефони ҳамроҳ дар кадом кишвар, чӣ тавр  истеҳсол мешавад, дар он чӣ қадар радиатсия мавҷуд аст. Ё на ҳама сокинон медонанд, ки чанд соат ва дар кадом масофа дуртар аз монитор ва телевизор нишастан лозим аст.   

АМИТ «Ховар»: —  Оё хирагӣ ва дигар бемориҳои чашм ба генетика ягон алоқа доранд? Ба ибораи дигар, оё бемориҳои чашм метавонанд меросӣ бошанд, аз хешовандони наздик  гузаранд?  


ҶАВОБ: — Бояд бигӯям, ки дар Маркази мо ҳастанд кӯдаконе, ки, масалан, се сол пеш дар онҳо бемориҳои чашм ба қайд гирифта шудаанд.  Аз миёни онҳо таи шаш моҳи соли равон дар кӯдаконе, ки волидайнашон хешу таборанд, 72 ҳолати осеби чашм мушоҳида шудааст. Соли гузашта низ 87 кӯдакони бемор ба қайд гирифта шуда буданд, ки дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ  таваллуд шудаанд.

Омили дигаре, ки боиси бемориҳои чашм дар кӯдакон мешавад, давраи ҳомиладории модар аст. Дар ин давра модар бе тавсияи табиб дору истеъмол мекунад, ки ин боиси заифшавии узвҳои босираи    кӯдак мегардад. Дар се моҳи аввали ҳомиладорӣ модар набояд доруҳоро бидуни тавсияи духтур истеъмол кунад.  Метавонам чунин мисол оварам: дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино дар шаҳри Ҳисор 210 нафар кӯдакони дорои нуқсони модарзодӣ таҳсил мекунанд, ки падару модар ё дигар шахси наздики  50 дарсади онҳо дорои биниши заиф мебошанд.  

АМИТ «Ховар»: —  Оё ростаст, ки зуд-зуд оббозӣ кардан ё  истифода аз  сауна низ метавонад ба саломатӣ зарар дошта бошад? 

ҶАВОБ: — Табиист, ки агар дар дохили маркази дилхушӣ ё дигар муаасисае, ки ҳавзи шиноварӣ ё сауна доранд,  гигиена риоя нашавад, сокинон ба хатари гирифтор шудан ба бемории вирусии бактериологӣ  дучо мегарданд. Шахсони гирифтори фишори хун, бемориҳои хун ва диабети қанд низ бояд ба чунин марказҳо камтар  раванд. Зеро муддати дароз  дар иҳотаи  буғ  истодани чунин шахсон мумкин нест,  ин боиси осебпазирӣ ва ҳатто канда шудани рагҳои   хунгарди дохили чашм ва дигар ҳолатҳои ногувор мегардад. Дар аксари бемороне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, пас аз рафтан ба чунин ҷойҳо сурхшавии чашм мушоҳида мешавад, ки ин ҳам як навъ  бемории узвҳои босира аст. Дар болои чашм парда ва рагҳои тунук  ҷойгиранд, ки  ҳарорати баланд, об, оташ, буғи об, нури офтоб боиси кафидани онҳо  ва хунравии чашм мегардад. 


АМИТ «Ховар»: — Оё тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кумак мекунанд? Шумо дар бораи тарзи ҳаёти солим гуфтед, ғизои солимро низ дар назар доред?    

ҶАВОБ: — Мегӯянд, ки «пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст». Барои пешгирии бемориҳои чашм, пеш аз ҳама, шумо бояд чораҳои пешгирикунанда андешед. Бале, машқҳои варзишӣ яке аз омилҳои асосии пешгирикунандаи  сустшавии қувваи чашм ба ҳисоб мераванд. Ғизои солим низ муҳим аст. Тавсия дода мешавад, ки маҳсулоти лӯбиёгӣ, моҳӣ, сабзавот ва дигар хӯрокҳоеро, аз шир тайёр карда мешаванд, бештар истеъмол кунед. Одамоне, ки доимо дар назди компютер кор мекунанд, бояд реҷаи корро риоя  намоянд. Барои аз даст надодани қувваи биниш, шумо бояд давра ба давра аз муоинаи тиббӣ гузаред. Инчунин ҳангоми кор дар компютер аз айнакҳои муҳофизатӣ истифода баред, то нурҳои электромагнитӣ аз компютер ба чашмонатон   зарар нарасонанд…

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳирҷон Саидов

Июль 6, 2022 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд