ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Пагоҳ дар Душанбе ғолиби ин мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби занона муайян мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби нахустин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона дар даври ниҳоӣ 20 июли имсол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе муайян хоҳад шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Пас аз даври навбатӣ дастаҳои мунтахаби занонаи Узбекистон ва Эрон, ки нуҳимтиёзӣ ба даст овардаанд, пешсафи ҷадваланд. Дар даври ниҳоӣ ин ду даста бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ба даст овардани медалҳои тилло дастаи мунтахаби Узбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад, дар ҳоле, ки ба дастаи мунтахаби Эрон танҳо пирӯзӣ лозим аст.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол имконияти барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурдан дорад. Барои зинаи сеюм дастаи Юсуф Рабиевро зарур аст, ки дар даври охир дастаи мунтахаби Қирғизистонро мағлуб кунад. Натиҷаи дигар дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқа қарор медиҳад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои миллии занона
Даври 4
Эрон – Туркманистон – 4:0
Голҳо: Ҳастӣ Фурӯзанда, 4 (1:0). Малика Мутаваллитоҳир, 28 (2:0). Афсона Чатренур, 70 (3:0). Муҳаддише Зулфӣ, 74 (4:0).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Афсона Чатренур (Эрон).
17 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Қирғизистон – Узбекистон – 0:7
Голҳо: Нилуфар Қудратова, 7 (0:1). Зиёда Ирисбоева, 11 (0:2). Нилуфар Қудратова, 41 (0:3). Мадина Ҳикматова, 45+1 (0:4). Зиёда Ирисбоева, 57 (0:5). Диёрахон Ҳабибуллоева, 78 (0:6). Заррина Маматкаримова, 82 (0:7).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Нилуфар Қудратова (Узбекистон).
17 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Дар даври 5-ум вомехӯранд:
20 июл (чоршанбе)
19:00 – Узбекистон – Эрон
22:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
Акс: ФФТ








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






