ЧИН — ЯКЕ АЗ БУЗУРГТАРИН ШАРИКОНИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар муддати 30 сол гардиши мол байни ҶМЧ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 100 маротиба афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар» /. «Соли равон барои рушди муносибатҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли ниҳоят муҳим аст. Дар оғози сол бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷаалсаи маҷозии сарони давлатҳо баргузор шуд. Ҷонибҳо якдилона изҳори омодагӣ намуданд, ки ҷомеаи муштараки сарнавишти «Чин — Осиёи Марказӣ»-ро барои боз кардани давраи нав дар муносибатҳо таъсис диҳанд». Дар ин бора муовини Раиси Кумитаи чинии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Тсю Ли дар Форуми IX ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ, ки 13 июл бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ҶМЧ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шакли маҷозӣ доир гардид, иброз намуд.
Ӯ таъкид намуд, ки баргузории муваффақонаи Форуми мазкур аз ҳамбастагӣ ва ҳамкории мардуми Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири рушди оянда ва амалӣ шудани тавофуқоти сарони кишварҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамчунин бозгӯи он аст, ки азму ирода ба манфиати халқҳо нигаронида шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар котиботи Кумитаи чинии СҲШ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ иттилоъ доданд, дар Форум зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Чин тавофуқоти муҳим, аз ҷумла идомаи ҳамоҳангсозӣ ва таҳкими ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва стратегияҳои миллии рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ, мусоидат ба рушди ҳамаҷониба дар ҳамаи бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, афзоиши миқёси сармоягузорӣ ва тиҷорати мутақобила, фаъол гардонидани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика, иқтисодиёти рақамӣ ва сабз ба даст омадааст.
Инчунин муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии намояндагони халқ Шэн Юэюэ тазаккур дод, ки ҳамгироӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» тавассути як силсила лоиҳаҳои муштараки муҳим густариш дода шуд.
«Сарфи назар аз пандемияи COVID-19 ҳамкории зич миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад. Мо ба кишварҳои минтақа тақрибан 80 миллион воя ва дигар маводҳои зиддиэпидемикӣ кумак намудем. Чин ба ҳамкории минбаъда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими эътимоди мутақобилаи сиёсӣ ва пешбурди табодули иқтисодию тиҷоратӣ умедвор аст», — илова намуд Шэн Юэюэ.
Зикр гардид, ки дар зарфи 30 сол табодули мол беш аз 100 маротиба афзуда, ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин дар панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ марзи 14 миллиард долларро убур намуд. Чин инчунин дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузург кумак кард, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон доданд, саноати худро таҷдид ва навсозӣ намоянд. Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва инфрасохтор дар дурнамои ҳамкорӣ барои оянда таҳррезӣ гардидааст.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, дар соли 2021 ҳаҷми табодули мол байни Тоҷикистон ва Чин нисбат ба соли 2020 78 фоиз афзуда, 770 миллион долларро ташкил дод. Дар ин росто, Чин дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо вазни қиёсии 13,2 фоиз мақоми сеюмро касб намуд.
Қобили зикр аст, ки Форуми IX ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи чинии СҲШ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва Ҳукумати мардумии музофоти Ляонин таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мусоидати Ҳукумати мардумии шаҳри Далян ва Идораи корҳои хориҷии Ҳукумати мардумии музофоти Ляонин дар шакли маҷозӣ бо иштироки ҳайатҳо аз Пекин, Шенян ва Далян баргузор гардид.
Форуми мазкур аз соли 2012 инҷониб ҳашт маротиба гузаронида шудааст.
Мавзӯи асосии форуми навбатӣ «Муқовимати муштарак ба чолишҳо дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд ба хотири ояндаи дурахшон» буд.
Дар форум ходимони давлатии Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, Дабири кулли СҲШ, намояндагони доираҳои иқтисодӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҷомеаи коршиносон иштирок намуда, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба бунёди муштараки «Як камарбанд, як роҳ», равобити Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, саъю кӯшиши фаъол барои рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи рушди занон, кишоварзӣ, маориф ва иқтисоди рақамиро баррасӣ намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид






