Дар Вена дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ баррасӣ гардид

Декабрь 6, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи ҷаласаи  Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Беате Майнл-Райзингер баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин муносибатҳои ду давлат  дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин оид ба тавсеаи робитаҳо дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон ба масоили таъмини амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус карданд.

Вобаста ба ин ҷониби Австрия изҳори омодагӣ кард, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои боздид аз  Тоҷикистон бо мақсади баррасии робитаҳо дар самтҳои таъкидшуда ҳайати баландмақом фиристад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»