Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд

Декабрь 6, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо котиби генералии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи фаъолияташ ҳамчун механизми муассири ҳамкории гуногунҷанба, ки ба таҳкими тадбирҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва муколамаи созанда барои ҳалли мушкилоти замони муосир хизмат мекунад, шинохта шудааст.

Дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши муносибатҳо дар доираи ин созмон дар соҳаҳои гуногун, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд