Дар Вена масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистону Гурҷистон баррасӣ гардиданд

Декабрь 5, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Гурҷистон Мака Бочоришвили баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуда, барои таҳкими робитаҳои минбаъда байни Тоҷикистону Гурҷистон изҳори омодагӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои рушди муколамаи сиёсӣ, инчунин тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Вазирон барои идомаи муколамаи созанда ва мусоидат ба густариши ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Декабрь 5, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»