Дар Қароргоҳи СММ натиҷаҳои Конфронсияи дуюм оид ба масоили об дар Душанбе муаррифӣ шуданд

Июль 14, 2022 14:25

ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар Қароргоҳи Созмони  Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси ниҳоди «СММ-Об» дар ҳамкорӣ бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушд баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нишасти мазкур бо суханронии муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин, Раиси ниҳоди «СММ-Об», Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши ифтитоҳ гардид.

Дар рафти нишаст Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода  натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанберо муаррифӣ намуда, аз аҳаммият ва саҳми маъракаи мазкур барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) сухан кард.

Зимни нишаст кормандони намояндагиҳои доимии Сенегал, Ҷопон, Португалия, Миср, Швейтсария, Словения ва Финляндия дар назди СММ, Котиби давлатии парламентии Вазорати муҳити зист ва ҳифзи истеъмолкунандагони Федералии Олмон хонум Беттина Хоффман ва Дабири кулли Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) Петтери Таалас низ дар бораи тадбирҳои минтақавию байналмилалӣ дар пешорӯи баргузории Конфронси оби СММ суханронӣ карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 14, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд