Дар Душанбе масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ гардид

Июль 4, 2022 08:56

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раиси Комиссия Зариф Ализода доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО» маълумот пешниҳод гардид.

Зикр шуд, ки гарчанде аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар қисмате аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои зикршуда иҷро шуда бошанд ҳам, аммо вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобастаи самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд.


Дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар таҳрири нав муҳокима гардида, зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ унвонии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Роҳбари Комиссия дар таҳрири нав таҳия намудани қонуни мазкурро бо назардошти ба инобат гирифтани тавсияҳои ФАТФ яке аз афзалиятҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, гуфт, ки қабули санади соҳавии МҚД/МТ/МПСҚО барои таҳкими низоми зикршуда ва рушди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Зариф Ализода дар идомаи чорабинӣ баргузории ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ёдрас шуда, барои саривақт иҷро намудани масъалаҳои вогузоршудаи самти МҚД/МТ/МПСҚО ба аъзои Комиссия — намояндагони вазорату идораҳои кишвар таъкид намуд.

Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таъсис дода шудааст.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 4, 2022 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2000 то 9.2886 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1265 то 0.1307 сомонӣ муқаррар шудааст
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродиро шарҳ медиҳад
Дар Душанбе рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» баррасӣ шуд
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6100 то 10.8429 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид