Дар ноҳияи Деваштич дар майдони наздик ба 28 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуд

Июль 17, 2022 10:17

СУҒД, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2022 дурнамои кишти баҳории зироатҳо дар майдони 27 ҳазору 650 гектар пешбинӣ гардида, ба ҳолати имрӯза дар 27 ҳазору 890 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 100,9 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич хабар доданд.

14 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зикр намуд, ки дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия дурнамои кишти картошка дар майдони 4900 гектар пешбинӣ гардида, ҳоло дар майдони 4904 гектар картошка кишт карда шудааст, ки 100,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 1000 тонна гӯшт, 8 524 тонна шир, 2 988 400 дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиш мутаносибан аз 103,3 то 135,7 фоизро ташкил намуд.


Хамзамон кирмакпарварони ноҳия соли равон пурмаҳсул фаъолият намуда, аз 190 қуттӣ 4 200 килограмм пилла истеҳсол карданд, ки ба ҳар як қуттӣ 22-килограммӣ рост меояд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 78 744 сар моли калони шохдор, 152 125 сар моли майда, 1126 сар асп ва 96 686 сар парранда мавҷуд аст.

Илова гардид, ки ба ҳолати 1 июл ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 88 275 800 сомониро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7 миллиону 53 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 108,7 фоизро ташкил намуд.

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Июль 17, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд