Дар шаҳри Душанбе маркази шоҳмот ба истифода дода шуд

Июль 20, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл ба муносибати Рӯзи байналмилалии шоҳмот бо ибтикори Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маркази шоҳмот ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар он наврасону ҷавонон имкон доранд ба варзиши зеҳнӣ машғул шаванд.

Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Парвиз Собирзода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода ва роҳбарияти Федератсияи шоҳмот ширкат карданд.

Марказ аз толори бузург, толори хурд ва ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Шогирдон дар ин ҷо бозии шоҳмотро метавонанд бо забонҳои хориҷӣ омӯзанд. Ҳамчунин минбаъд мусобиқаҳои шоҳмот дар ин марказ баргузор хоҳанд шуд.

Котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов бо хушнудӣ хабар дод, ки яке аз беҳтарин шоҳмотбозони ҷумҳурӣ Фаррух Амонатов ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби шоҳмоти Ҳиндустон фаъолият дорад.

Феълан дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон ба Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот, ки 28 июл дар Ҳиндустон оғоз мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар Олимпиада иштироки 187 дастаи мардон ва 162 дастаи бонувон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии шоҳмот бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот, ки 20 июли соли 1924 таъсис ёфтааст, аз соли 1966 ҷашн гирифта мешавад. Тибқи маълумоти Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот, имрӯз дар ҷаҳон ҳудуди 700 миллион нафар калонсолон ба таври доимӣ шоҳмотбозӣ мекунанд. Рӯзи байналмилалии шоҳмотро дар 178 давлати дунё ҷашн мегиранд. Таҳти ҳимояти Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот дар ин рӯз чорабиниҳо ва мусобиқаҳои шоҳмот баргузор карда мешаванд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 20, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид