Дар Шуғнон масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ ва бунёди боғҳои нав баррасӣ гардид

Июль 6, 2022 16:41

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Барги Сабз» Гулбаҳор Одинамамадова оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ ва бунёди боғҳои нав мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо оид ба густариш додани ҳамкорӣ дар масъалаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии ноҳияи Шуғнон бо оби нӯшокӣ, обёрии заминҳои корам ва азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ тавассути насб намудани насоси офтобӣ барои обкашӣ, бунёди боғҳои нав табодули назар намуданд.

Инчунин зикр шуд, ки то охири соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисон дар ноҳияи мазкур корҳои тадқиқотии иншоот дар деҳаҳо ба роҳ монда шуда, шуруъ аз аввали соли 2023 амалишавии лоиҳаҳо дар ҳудуди ноҳия оғоз хоҳанд ёфт.

Раиси ноҳия ҷиҳати мусоидат намудан дар пешниҳоди маълумоти зарурӣ барои амалӣ намудани лоиҳа дар ноҳия ибрози назар кард ва ҳамзамон масъулини сохторҳои дахлдори ноҳияро барои ҳамкорӣ намудан бо шарикон муваззаф намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Июль 6, 2022 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд