Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,1 млрд сомонӣ расонида шуд

Июль 20, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд, зикр намуд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 19 июл зимни нишасти матбуотӣ.  

Тавре АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад,  таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардида, дар ин давра ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 суръати афзоиши истеҳсоли нахи пахта 144,9 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардид.

Давоми шаш моҳи соли равон 9 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 194 ҷойи нави корӣ ва  коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 30 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 152,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 23,1 млн сомонӣ зиёд аст.  Барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо сарулибоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар ин давра  392 ҳазору 536 дона либоси мактабӣ дӯхта шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 138,1 фоиз таъмин гардидааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли равон 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ истеҳсоли пойафзолро ба 254,7 ҳазор ҷуфт расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,2 ҳазор ҷуфт зиёд аст.

Дар нишаст зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 3 миллиарду 365,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки ба 112,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2021 баробар мебошад.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн доллар ё 1,9 фоиз зиёд  мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 20, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд