«ДОСТОНИ РОҒУН». Таҳти чунин унвон нусхаи аввалини (назоратии) китоби шоир Давлат Сафар аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Достони Роғун» — таҳти чунин унвон нусхаи аввалини (назоратии) китоби шоир, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлат Сафар бо сифати баланд ва пур аз васфи ин иншооти аср дар шеъру тарона чоп гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таъбу нашри Вазорати фарҳанги мамлакат Раҳмоналӣ Шералӣ.
Ин маҷмӯа аз достон иборат буда, дар он нақши беназири ташаббускор ва бунёдкори ин сохтмони бузурги аср, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бадеӣ ва бо ҷузъиёти ҷолибу хотирмон мунъакис гаштааст.
Гуфта шуд, ки корзори Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар бисёр шеъру таронаҳои шоирон тасвир ёфтааст, вале ин мавзӯъро шоири у ватансаро Давлат Сафар бо рангу ҷилои ранги тоза ба қалами тасвир кашидааст.
Китоб бо сарсухани директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роғун» Хайрулло Сафарзода Амиралӣ ба табъ расидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






