«Душанбе. Рушди бесобиқаи пойтахт нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро меафзояд!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июль 29, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №145 (24 504), чоршанбе, 27 июли соли равон таҳти сарлавҳаҳои «Душанбе. Рушди бесобиқаи пойтахт нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро меафзояд!», «Тоҷикистон. 146 шаҳрванд аз кишварҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида шуд!» матолиб ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Рӯзноманигори ин нашрия Лашкар Шарифзода зимни натиҷагирии фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зери сарлавҳаи «Душанбе. Рушди бесобиқаи пойтахт нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро меафзояд!» матлабе омода намудааст, ки дар он аз ҷумла, чунин нигоштааст: «Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо назардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ таъмин гардид.

Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар ин давра ба 9,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 дарсад ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,3 дарсадро ташкил дод.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиши соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷониби 541 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1593,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 дарсадро ташкил медиҳад. Бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолот, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок (10 фоизи солона, бо пули миллӣ) ба субъектҳои истеҳсолӣ Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» то имрӯз ба 30 субъекти хоҷагидорӣ ба маблағи 85,9 миллион сомонӣ қарз додааст». Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр»  аз навигариҳои  дунё бохабар шуда, матолиби  «ДДЗТ. Шинохти масъулият дастовардро меафзояд», «Ҳолатҳои фавқулода. Таҳкими зарфиятҳо дар пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои эҳтимолӣ», инчунин хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат мутолиа намояд.

Дар шумораи №144  (24 503), сешанбе, 26 июли соли равон дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат, инчунин матлабҳо таҳти унвонҳои «НБО «Роғун»- комёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон», «Федченко ва Хирсон. Ободкориҳо дар манбаъҳои азими обӣ вусъати тоза мегиранд», «Уҳдадории ҳарбӣ. Аз назорати иҷрои қонунҳо то пешгирии ҷинояткорӣ» ва «Нақши гандум-нақши нону зиндагӣ» доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 27 июл, №92 (4512-4513) таҳти унвонҳои «Мулоқоти Пешвои миллат бо Игор Краснов», «Сокини даҳмиллионумини Тоҷикистон ба дунё омад», «Номзадии Алишер Мирзонаботов ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид» матолиб, инчунин қарору фармонҳои Президенти мамлакат ва хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои  мамлакат ба нашр расонидааст.

 «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №31 (20364), 27 июли соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон,  мулоқоти Пешвои миллат бо Игор Краснов ва қарору фармонҳои Президенти мамлакатро нашр намудааст.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №29 (1375), чоршанбе, 27 июли соли 2022 ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба Қирғизистонро инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд. Дар ин шумора таҳти унвонҳои «Пирӯзии муҳандиси тоҷик», «Нурофар», «Хирмани маърифат», «Рӯнамоии китоб аз таърихи ҲХДТ», «Нафақа ва омилҳои каму зиёд шудани он», «Иттилоот ва хатарҳои замони муосир» ва «Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ» матолиби таҳлилӣ  ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 29, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст