«DUSHANBE-SMART CITY» (ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД»). Ҳайати Тоҷикистон барои табодули таҷриба дар соҳаи шаҳри ҳушманд ва технологияҳои рақамӣ ба Туркия сафар намуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 24 июни соли равон ҳайати намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», КВД «Шаҳри ҳушманд»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъияти «Илмхона» барои табодули таҷриба дар соҳаи шаҳри ҳушманд ва технологияҳои рақамӣ ба шаҳрҳои Истанбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи КВД «Шаҳри ҳушманд»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Зимни сафар ҳайати мазкур дар шаҳри Анқара бо масъулини Вазорати муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия вохӯрӣ намуда, вобаста ба дастовардҳо, стратегияи барномаҳо ва лоиҳаҳои низоми «Шаҳри ҳушманд»-и Туркия маълумоти зарурӣ гирифт.

Инчунин бо намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои Туркия ва технопарки «TeknoPark Ankara» вохӯрӣ намуда, оид ба қонунгузорӣ, фаъолият ва лоиҳаҳои технопаркҳо мубодилаи афкор намуд.
Ҳамчунин аз 22-23 июни соли 2022 як қатор вохӯриҳо бо намояндгони маркази бизнеси (Галата), Турк Телеком ва Донишгоҳи техникии Истамбул анҷом дода шуданд.
Қаблан, 16 июни соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҳамоиши дуюми минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар он директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод (ДАР АКС) иштирок ва суханронӣ намуд.
Саъдӣ Самадзод зимни суханрониаш оид ба самтҳои Ҳадафҳои рушди устувор, ки ба самтҳои фаъолияти корхона алоқаманданд, дар бораи лоиҳаҳои «еДониш»-барномаи электронӣ дар соҳаи маориф, «еТиб» – барномаи электронӣ дар соҳаи тандурустӣ, шаҳри бехатар, рушноии ҳушманд, «GPS monitoring» дар соҳаи нақлиёт, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ ва парки технологӣ (IT-Park) ибрози андеша намуд.
Ҳадафҳои рушди устувор фарогири 17 самт, аз он ҷумла рушди иқтисодии шаҳри Душанбе, ноил шудан ба ҳаёти солим ва баланд бардоштани некуаҳволӣ, таълими фарогир, коҳиш додани ифлосшавӣ, инноватсия, инфрасохтор ва ғайра мебошанд.

Ҳамаи ин ҳамоишҳо оид ба рушди «Шаҳри ҳушманд» дар доираи вазифаҳое, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2025» гузошта шудаанд, гузаронида мешаванд. Бо рушди шаҳри ҳушманд, ширкатҳои мо иқтисодиёти рақамии кишвар, ҳукумати электронӣ ва инфрасохтори рақамии шаҳрро инкишоф медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ширкат фаъолият ва хизматрасониро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
— Ҳукумати ҳушманд
— экологияи ҳушманд
— хонаи ҳушманд
— иқтисоди ҳушманд
— бехатарии ҳушманд
— нақлиёти ҳушманд
— неруи ҳушманд
— тибби ҳушманд
— таҳсили ҳушманд
— оби ҳушманд.
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: КВД «Шаҳри ҳушманд» /АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






