ФУТБОЛ. Парвизҷон Умарбоев фаъолияташро дар ССКА 1948-и София идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев фаъолияти худро дар чемпионати Булғористон идома медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Умарбоев ҳамчун футболбози озод аз дастаи «Локомотив Пловдив», ки аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати он бозӣ мекард, ба ССКА 1948 гузашт.
Дар оғози мавсими нави чемпионати Булғористон бошгоҳи нави Парвизҷон Умарбоев дар се бозии анҷомдода панҷ имтиёз ба даст овард.
Бояд гуфт, ки Умарбоев аз соли 2015 дар дастаи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 35 бозӣ гузаронида, муаллифи 7 гол шудааст.
Акс: ФФТ








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






