ФУТЗАЛ. Бозии аввали дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки 14 июл дар Ҷиззах баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ 4:4 анҷом ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон голҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Идрис Ёров ва Дилшод Саломов ба нишон расониданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз, 15 июл футзалбозони Тоҷикистон ва Узбекистон дар Ҷиззах бозии дуюми дӯстонаашонро баргузор мекунанд. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои мунтахаби Баҳрайн (27 сентябр), Узбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.
Бозии дӯстона
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:4
Голҳо: Дилшод Раҳматов, 7 (1:0). Ихтиёр Ропиев, 13 (2:0). Умед Кузиев, 19 (2:1). Ҳусниддин Нишонов, 19 (3:1). Баҳодур Хоҷаев, 26 (3:2). Идрис Ёров, 29 (3:3). Илҳом Ҳамроев, 31 (4:3). Дилшод Саломов, 34 (4:4).
14 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






