Илдар Аҳмадиев бори аввал дар таърихи варзиши Тоҷикистон ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон баромад

Июль 19, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Илдар Аҳмадиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 15  то 24 июл дар шаҳри Юҷинии иёлати Орегони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад, дар даври аввали интихобӣ дар масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.66 дар гурӯҳаш ҷои дуюм, вале дар даври дуюм бо натиҷаи 10.85 дар гурӯҳ ҷои ҳаштумро гирифта, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чемпионат, ки аз рӯи 49 мусобиқа баргузор мешавад, 1900 варзишгари беш аз 190 давлати дунё ширкат доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионат иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард. Мусобиқа дар масофаи 100 метр миёни мардҳо 15-16 июл баргузор гардид. Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда, ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар соҳиби ҷои  9-ум шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Дар даври дуюм миёни 57 нафар соҳиби ҷои 55-ум шуд.

Ба ҳар сурат, ӯ ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфта, ҳадафашро иҷро кард. Бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.

Воқеан, Илдар Аҳмадиев имсол дар дав ба масофаи 100 метр пас аз 36 сол бо натиҷаи 10.37 сония рекорди нави Тоҷикистонро гузошт.

Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо се ҷои аввалро намояндагони ИМА ба даст оварданд. Фред Керлей бо натиҷаи 9.86 сония ҷои аввал, Марвин Бреси бо натиҷаи 9.88 сония ҷои дуюм, Трейвон Бромел бо натиҷаи 9.88 сония ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Рекорди ҷаҳонӣ дар масофаи 100 метр миёни мардҳо ба Усэйн Болт (Ямайка) мансуб аст (9.58), ки соли 2009 гузоштааст.

Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3 медал дорад – 2 тилло, 1 нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Июль 19, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар соҳаи варзиш тақвият мебахшанд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад